СММ: Ҷузъиёти созишнома дар Яман танҳо дар ҳолати ризоияти ҷонибҳои даргир эълон мешавад

Октябрь 17, 2016 16:29

Душанбе, 17.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҷузъиёти созишнома оид ба оташбас дар Яман танҳо дар ҳолате интишор мешавад, ки агар тарафҳои даргир бо ақидаи пешниҳодкардаи ИМА ва Бритониё оид ба оштии фаврӣ розӣ шаванд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба фиристодаи махсуси дабири кулли СММ оид ба Яман Исмоил улд Шайх Аҳмад изҳор доштааст.
«Маълумоти муфассал оид ба Созишнома дар бораи оташбас дар Яман ҳамон вақт эълон карда мешавад, ки агар тарафҳои даргир ин созишномаҳоро тасдиқ намоянд», — зикр кард ӯ.
Пештар рӯзи якшанбе, дар як мулоқоти дуҷониба дар Лондон, вазири корҳои хориҷии Бритониё Борис Ҷонсон ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ба оташбаси фаврӣ дар Яман даъват намуданд. Бино ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, созиш бояд ҳарчи зудтар ба даст ояд ва рӯзҳои душанбе ва ё сешанбе барои ин мақсад муносиб аст.
Муноқишаи мусаллаҳона миёни неруҳои ҳукуматӣ ва шӯришиёни «Ансоруллоҳ» дар Яман аз моҳи августи соли 2014 идома дорад. То ба имрӯз музокирот барои сулҳ дар кишвар, ки якчанд моҳ давом дорад, натиҷаҳои назаррас наовардааст.

Октябрь 17, 2016 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад