Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 88 фоиз иҷро шуд
Душанбе, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 8 шаҳру навоҳии вилояти Суғд иҷро шуда, то 25 октябр 88 фоизро ташкил намуд.
Даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз 1 октябри соли равон оғоз гардида, шаҳри Истиқлол ва ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен, Айнӣ, Деваштич ва Гулистон нақшаи даъватро аз 100 то 104 фоиз иҷро намуданд.
Боиси зикр аст, ки моҳҳои октябр- ноябри соли равон дар ҳудуди вилоят ҷавононе, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд ва инчунин шаҳрвандони синнашон аз 18 боло, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






