Суръати афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар мамлакат 136 %-ро ташкил медиҳад

Октябрь 19, 2016 12:01

Душанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи нишондодҳои пешакӣ дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ба маблағи 1 миллиарду 335 миллион сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 355,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 136 %-ро ташкил медиҳад.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар доданд, дар ин давра 162,3 ҳазор тонна семент, аз ҷумла 96,0 ҳазор тонна ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 30,0 ҳазор тонна ба Ҷумҳурии Қирғизистон, 35,0 ҳазор тонна ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 65 тонна ба Федератсияи Русия содирот карда шудааст. Воридоти семент дар 8 моҳи соли 2016 — 74,8 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Инчунин бори аввал 4,0 ҳазор дона гаҷкартон ба маблағи 132,0 ҳазор сомонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир карда шуд. Дар истеҳсоли семент саҳми ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон- 48,2 % (723,0 ҳазор тонна), ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -23,2 % (349,0 ҳазор тонна), ҶСК «Сементи Тоҷик»- 12,5 % (188,0 ҳазор тонна) ва ҶДММ «Тоҷ Чайна -2013»-и шаҳри Ваҳдат -9 % (146,0 ҳазор тонна) назаррас аст.
sementБо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои бузурги истеҳсоли сементи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ ҶДММ «Ху Чан Ғаюр Индустрал»-и ноҳияи Ёвон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Таъсиси корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ёвон бо иқтидори лоиҳавии 600 ва 1200 ҳазор тонна, дар ноҳияи Ёвон истеҳсоли гаҷкартон бо иқтидори 2,5 миллион дона ва дар ноҳияи Ҳисор корхонаи истеҳсоли хишт бо истифода аз технологияҳои роботҳои худкор, ба 90 миллион дона зиёд шудани иқтидори истеҳсоли солонаи хишти сохтмонӣ, беҳшавии сифат ва паст шудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат намуд.
Дар марҳилаи ояндаи наздик бунёди корхонаҳои истеҳсоли шиша ва кошин дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, маҳсулоти гаҷӣ ва рангҳои эмулсионӣ дар ноҳияи Ёвон ва дар минтақаҳои дигар таъсиси боз якчанд корхона барои эҳтиёҷоти бозори дохилӣ пешбинӣ шудаанд. Соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи масолеҳи сохтмонӣ 1,4 миллиард сомонӣ, истеҳсоли семент 1,6 миллион тонна, масолеҳи деворӣ 210,0 миллион дона ва қуму шағал 1,1 миллион метри мукааб пешбинӣ шудааст.

Октябрь 19, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст