Сурудҳои ватандӯстона-неруи таҳкимбахш ва қувваи бузурги пешбаранда барои сарбозон

Октябрь 10, 2016 16:22

Душанбе, 10.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябри соли равон бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амфитеатри «Боғи Ирам» гулчини сурудҳои ватандӯстона баргузор гардид.
Дар маҳфил хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон доир ба Ватан ва Тоҷикистон сурудҳои ҳарбию ватандӯстона сароиданд.
Дар маросими баргузории гулчини сурудҳои ватандӯстона гуфта шуд, ки суруд, санъат ва фарҳанг дар ҳаёти сарбоз нақши муассир дошта, дар муборизаҳо бо аҷнабиён чун неруи таҳкимбахш ва қувваи бузурги пешбаранда ба артиш хизмат мекунанд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш- мустаҳкам кардани меҳру муҳаббат дар замири насли наврас ва ҷавонон нисбат ба Ватан мебошад.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 10, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад