Танқисии оби полезӣ дар вилояти Суғд бартараф мегардад
Душанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир дар вилояти Суғд барои беҳтар намудани сифати обрасонӣ тадбирҳои зиёд амалӣ мешаванд.
Бо мақсади сари вақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обёрӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин аз буҷети вилоятӣ 8,8 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Аз ҷумла, барои барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии ВК-3, «Дилварзин-2» ва «Дилварзин-3»-и ноҳияи Мастчоҳ 4 млн. сомонӣ маблағ равона гардида, таъминоти оби полезӣ ба зиёда аз 3 ҳазор гектар замин беҳтар карда шуд. Ҳамчунин маблағҳо барои омода намудани шабакаҳои обёрӣ ва дастгоҳҳои обкашӣ ба ноҳияҳои Зафаробод, Ашт, Б. Ғафуров ва шаҳри Панҷакент равона гардиданд.
Бо мақсади бо оби полезӣ таъмин намудани минтақаи Сексарии шаҳри Истаравшан дар пойгоҳҳои обкашии Қизилӣ 8 адад дастгоҳ ба кор дароварда шуда, танқисии оби полезӣ бартараф гардид.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






