ВАО: Соҳиби iPhone 7 дар Чин аз таркиши смартфон ҷароҳат бардошт
Душанбе, 12.10.2016 / АМИТ «Ховар» /. Бино ба гузориши матбуоти маҳаллӣ, як сокини шаҳри Чжэнчжоуи музофоти Хэнан дар бораи таркиши ногаҳонии iPhone 7 гулобиранги худ нақл кард, ки ин нахустин ҳодиса дар Чин мебошад.
Тибқи хабари рӯзномаи «China Daily» як видео бо нақли ин ҳодиса дар Интернет пайдо шуд. Ҳодиса ҳафтаи гузашта, ҳангоми истифодаи камераи телефон рух дод.
Иттилоъ дода мешавад, ки телефон ба ду қисм ҷудо шуда, рӯю дасти соҳиби он ҷароҳат бардоштааст.
Таъкид мешавад, ки намояндагии Apple дар Чин доир ба ин ҳодиса ба идораи ширкат хабар додааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






