Вохӯрӣ бо Консули фахрии Тоҷикистон дар Малайзия

Октябрь 7, 2016 16:41

Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябри соли 2016 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ бо Фиристодаи махсуси Сарвазири Малайзия дар Иттиҳоди Рушди Африкаи Ҷанубӣ (SADC), Консули Фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат, ректори Донишгоҳи фанноварии инноватсионии Лимкоквинг Тан Сри Дато Сри Падука Лим Кок Винг баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Малайзия ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмию техникӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳарду кишвар табодули назар намуданд.
Тарафҳо инчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, мавзӯи ифтитоҳ намудани филиали Донишгоҳи фанноварии инноватсионии Лимкоквинг дар Тоҷикистон табодули назар намуданд. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба таҳсили донишҷӯёни тоҷик, беҳтар намудани шароити зисти онҳо, ҷалби бештари донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳи мазкур ва ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Октябрь 7, 2016 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад