2 нафар дар вилояти Хатлон бар асари яхбандии роҳ ба ҳалокат расиданд
Душанбе, 25.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 24 ноябр дар вилояти Хатлон бар асари яхбандии роҳ 2 нафар ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, ронандаи мошинаи тамғаи ЗИЛ-131, марди 59-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, корманди муассисаи давлатии назорати роҳҳои нақлиётгарди ноҳияи мазкур, ҳангоми ба роҳ пошидани қум дар ҳудуди роҳҳои байни хоҷагии «Маданият» бинобар сабаби яхбандии роҳ мошинро чаппа кардааст.
Дар натиҷа кормандони корхонаи мазкур — марди 61-сола ва марди 32-солаи сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






