Баргузории ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Австрия дар Вена

Ноябрь 11, 2016 17:13

Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вена ҷаласаи шашуми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодии дуҷониба миёни Тоҷикистону Австрия бо роҳбарии ҳамраисони он- муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Назризода Саидраҳмон ва муовини Вазири федералии илм, тадқиқот ва иқтисоди Австрия хонум Бернадетт Марианне Гирлингенр 9 ноябр баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Австрия, масъулони соҳаҳои энергетика, иқтисод, савдо, саноат, тандурустӣ ва сайёҳӣ дар кори ҷаласа иштирок намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, тандурустӣ, саноат ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Дар фароварди ҷаласа Протоколи ҷаласаи комиссия ба имзо расид.
Ҳамчунин 10 ноябри соли 2016 дар Палатаи федералии иқтисодии Австрия Форуми иқтисодии Тоҷикистону Австрия таҳти унвони «Иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ҳошияи Форуми иқтисодӣ доираи васеи соҳибкорони тоҷику австриягӣ, намояндагони ширкатҳо ва масъулини ниҳодҳои мухталифи ҳарду кишвар ширкат доштанд.
Баъд аз ҷамъбасти қисми расмии ҳамоиш миёни доираҳои соҳибкорон, тоҷирон, намояндагони ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Австрия гуфтугӯҳои дуҷониба сурат гирифтанд.

Ноябрь 11, 2016 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд