Чемпионати мамлакат оид ба дзюдо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 26 ва 27 ноябр дар Маҷмааи варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ» оид ба намудҳои гӯштин Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо баргузор мегардад, ки он ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи имсола беҳтарин паҳлавонони кишвар дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва аз 100 килограмм зиёд барои унвони чемпионӣ мубориза мебаранд.
Ғолибон бо диплом, медалҳо ва туҳфаҳо сарфароз мегарданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






