Дар ағбаи Чормағзак ҷиҳати бехатарии техникӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст

Ноябрь 30, 2016 16:21

Ваҳдат, 30.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади сари вақт омода намудани роҳҳои мошингарди истифодаи умум барои фаъолияти мунтазами ҳаракати бехатари нақлиёт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Ваҳдат ба миқдори 2600 метри мукааб қуму намак, 10 тонна ангишт, 10м3 ҳезум, 1 адад генератори барқӣ, 18 ҷуфт либоси зимистона, 18 адад камзӯлчаҳои огоҳикунанда, 2800 литр сӯзишвории дизелӣ, 120 литр равғанҳои молиданӣ захира шудаанд. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
«Ҳамзамон 5 адад мошини худхоликун, 3 адад автогрейдер, 2 адад боркунаки фронталӣ машғули кор мебошанд. Ҳоло баҳри бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди истифодаи умум дар ағбаи Чормағзак ҷиҳати таъмини бехатарии техникӣ навбатдории шабонарӯзи ташкил шудааст. Нуқтаҳои гармшавии коргарон бо сӯзишворӣ таъмин буда, онҳо бо хӯроки гарм ва либосҳои махсуси корӣ таъмин мебошанд»,-хабар дод манбаъ.

Ноябрь 30, 2016 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад