Дар Бохтар, Восеъ ва Муъминобод дар доираи 16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ барномаҳо доир шуданд

Ноябрь 30, 2016 11:28

Душанбе, 30.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи 16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ нисбат ба занон аз тарафи шуъбаву бахшҳои занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Бохтар, Восеъ, Муъминобод барномаҳои гуногун ва вохӯриҳо баргузор гардиданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, бахшида ба ин рӯз таҳти унвонҳои «16 рӯз бар зидди зӯроварӣ», «16 рӯзи бе хушунат», «Пайванди наслҳо», «Нест бод хушунат» дар миёни аҳли ҷамоат, муассисаҳои мактабӣ, занону духтарони фаъол, занони собиқадор ва аъзои шӯрои занони ноҳияҳо вохӯрию суҳбатҳо доир гардиданд.
Дар вохӯриҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон доир ба оилаву оиладорӣ ва касбу коромӯзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ноябрь 30, 2016 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад