Дар даҳ моҳ 949 ҳазору 200 нафар мусофирон аз хизмати «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» истифода бурдаанд
Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар даҳ моҳи соли равон ба 949 ҳазору 200 нафар мусофирон хизмат расонидааст. Дар ин бора аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд.
«Парвозҳо дар Фурудгоҳи мазкур аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур, 5 ширкати ҳавопаймоии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба роҳ монда шудаанд»,-иттилоъ доданд аз фурудгоҳ..
Ҳавопаймоҳои фурудгоҳ ба 12 шаҳри Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Олмон, Чин, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Аморати муттаҳидаи Араб ва Эрон парвоз менамоянд, ки миқдори парвозҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймо дар як рӯз 12 ададро ташкил медиҳад.
«Сарфи назар аз мушкилоти пешомада ва буҳрони иқтисодӣ фурудгоҳ сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминиро беҳтар намуда, дар низоми ҷаҳонии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок менамояд»,-илова намуд манбаъ








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






