Дар ДМТ конфронси «Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ» доир мешавад
Душанбе, 21.11.2016./АМИТ «Ховар»/. 25-26 ноябри соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар конфронс кормандони ВАО, устодон, аспирантон ва унвонҷўёни донишгоҳҳои кишвар иштирок ва дар мавзӯъҳои «Фазои иттилоотӣ: таърих, имрўз ва унсурҳои фарогири он», «Фаъолияти ВАО дар партави манфиатҳои геополитикӣ», «Ҷанги иттилоотии муосир ва таъмини амнияти фазои иттилоотӣ», «Амнияти иттилоотӣ ва фазои иттилоотии Тоҷикистон» маърӯза мекунанд»,-иттилоъ додааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки қисмати пленарии конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Фаъолияти ВАО дар пасманзари муборизаҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ» соати 10:00 оғоз шуда, баррасии маърўзаҳо дар 3 бахш то соати 13:00 идома меёбад.








АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд






