Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон баррасӣ мешавад

Ноябрь 29, 2016 16:11

Душанбе, 29.11.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 17.00 дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва Тоҷикистон» семинар баргузор мегардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар семинар масоили муҳими соҳаҳои туризм, алоқа, маснуоти саноати бофандагӣ, фарматсевтика ва туризми тиббӣ, соҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва масъалаҳои бонкӣ мавриди таҳлил қарор мегиранд.
Дар назар аст, ки дар семинари мазкур муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидраҳмон Назирзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Некрӯй Забирзода ва Шоиста Саидмуродова, сардори Раёсати таҳлил ва пешгӯии масъалаҳои иқтисодии Вазорати нақлиёт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кунанд.
Мақсади семинар ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

Ноябрь 29, 2016 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд