Дар китобхонаи ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон китобҳои тозанашр муаррифӣ шуданд
Қӯрғонтеппа, 22.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон муаррифии китоби тозанашри Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Иштирокдорон пеш аз оғози маҳфил аз намоиши китоб дар мавзӯъҳои «Пешвои мо- ифтихори мо» ва «Чеҳраҳои мондагори таърих» дидан намуданд»,-хабар дод манбаъ.
Роҳбари китобхонаи мазкур Тутиниссо Юсупова китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Дар маҳфил устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва шунавандагони курси бозомӯзии кормандони бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






