Дар Мосул беш аз 20 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк карданд

Ноябрь 4, 2016 13:54

Душанбе, 04.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 20 ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки пас аз оғоз гардидани амалиёти озоднамоии шаҳри Мосули Ироқ аз террористони ДИ хонаҳои худро тарк созанд. 10 ҳазор нафари онҳо кӯдакон мебошанд, ки фавран ба кумаки зарурӣ эҳтиёҷ доранд. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба изҳороти Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ хабар медиҳад.
«Наздики 20 ҳазору 700 нафар маҷбур шуданд, ки баъд аз оғози амалиёти озоднамоии Мосул (аз 17 октябр) хонаҳои худро тарк созанд. Бино ба ҳисоби ЮНИСЕФ, 9.700 нафари онҳо кӯдакони ба кумаки фаврӣ эҳтиёҷдошта мебошанд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Хазина.
Ёдовар мешавем, амалиёти озоднамоии шаҳри Мосул аз террористони ДИ шаби 17 октябр оғоз гардид. Низомиёни Ироқ, неруҳои маҳаллӣ, қувваҳои пешмаргаи курдӣ ва инчунин қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии эътилофи байналмилалӣ таҳти роҳбарии ИМА ба шаҳр ҳамлаи густурда мебаранд.

Ноябрь 4, 2016 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад