Дар ноҳияи Файзобод озмуни «Рӯзи парчами давлатӣ» баргузор шуд
Файзобод, 22.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Файзобод озмуни ноҳиявии «Рӯзи парчами давлатӣ»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар озмуни мазкур хонандагони навраси маҳфилҳои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия фаъолият доранд, аз рӯйи шартҳои қироати шеърҳо дар бораи рамзҳои давлатӣ, инъикоси рамзҳои давлатӣ, саволу ҷавоб оид ба рамзҳои давлатӣ, иҷрои сурудҳои дорои хусусиятҳои ватандӯстона ва муқаддасоти миллӣ донишҳои худро санҷиданд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни «Рӯзи парчами давлатӣ» фаъол гардонидани кори маҳфилҳо ва дигар иттиҳодияҳои кӯдакона, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






