Дар ноҳияи Лахш роҳпаймоӣ таҳти унвони «Парчам-рамзи муқаддасоти миллӣ» доир гардид
Лахш, 23.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Лахш бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 1500 нафар ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия таҳти шиори «Парчам-рамзи муқаддасоти миллӣ» роҳпаймоӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Дар роҳпаймоии мазкур ҷавонон бо Парчами миллӣ ва рамзҳои давлатию шиору овезаҳои ватандӯстона аз роҳи марказии ноҳия гузашта, дар назди бинои ҳукумати ноҳия барномаи фарҳангии ҷавонони фаъолро тамошо карданд.
Дар қисмати фарҳангӣ зикр гардид, ки ҳамаи ин ободкориву созандагӣ дар зери ин парчами бузург сурат гирифтаанд ва он тавонист мардуми тоҷикро ба ҳам оварад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






