Дар шаҳри Қӯрғонтеппа Фестивали рақс баргузор шуд

Ноябрь 22, 2016 17:05

Қӯрғонтеппа, 22.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа Фестивали рақс баргузор гардид. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳр Аловуддин Абдуллоев иттилоъ дод, Фестивали рақс ба 100-солагии Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ғаффор Валаматзода бахшида шуд.
Ба иттилои манбаъ, Фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он гурӯҳҳои рақсии шаҳри Краснодари Федератсияи Русия ва гурӯҳи рақсӣ аз Чумҳурии мардумии Чин ширкат варзиданд.
Муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Тоҷиддин Аминзода зимни баргузории фестивал гуфт: «Гузаронидани ин гуна барномаҳои фарҳангӣ ба мустаҳкамкунии равобити кишварҳо мусоидат мекунад».

Ноябрь 22, 2016 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд