Дар шаҳри Кӯлоб оид ба истифодаи дурусти манбаъҳои барқароршавандаи энергия барномаи омӯзишӣ оғоз гардид
Қӯрғонтеппа, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб барномаи омӯзишӣ дар мавзӯи баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони энергияи барқии неругоҳҳои хурд ба кори худ огоз намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни кори ин омӯзиш хабар дод, он аз тарафи Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузории омӯзиш- баланд бардоштани маърифатнокии истеьмолкунандагон ва истеҳсолкунандагони энергияи барқии неругоҳҳои хурд, додани маълумот тибқи қонунгузории ҶТ оид ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сиёсати нархгузорӣ дар бахши манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.
Ба омӯзиш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисони соҳаи энергетика ҷалб шудаанд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






