Дар вилояти Хатлон Рӯзи Парчами давлатиро бошукӯҳ таҷлил карданд
Қӯрғонтеппа, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи Парчами миллӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамоиш ва барномаҳои фарҳангӣ доир гардиданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
«Дар давлатдорӣ, барномаҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, инчунин дар муносибатҳои байналмилалию ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар яки мо Парчам мавқеъ ва нақши хосаи худро дорад. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии кишвар барои боз ҳам муттаҳид гардидани мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ, баланд гардидани худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони Тоҷикистон мусоидат мекунад»,-иброз дошт муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҳамоиш.
Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар вилояти Хатлон силсилавохӯриҳо бо вакилони мардумӣ, занони фаъол, собиқадорони меҳнат доир шуда, барномаҳои фарҳангию варзишӣ ва конфронсхои илмӣ баргузор гардиданд.












Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






