Имрӯз дар Бишкек ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба доир мегардад
Душанбе, 22.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба баргузор мегардад.
Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин ҷаласа бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим иштирок мекунад.
Дар назар аст, ки баъди баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар хотимаи кори ҷаласа Протоколи муштараки ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба ба имзо расонида шавад.
Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистонро дар кори ҷаласа ноиби Сарвазир Жанеш Разоқов роҳбарӣ менамояд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






