Имрӯз дар Душанбе ҳаво аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад
Душанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар тамоми кишвар ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф ва фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар доданд.
Тибқи иттилои мутахассисон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5 то 7 дараҷа сард ва рӯзона аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 то 8 дараҷа сард ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 13 то 18 дараҷа сард ва рӯзона аз 4 дарача хунук то 1 дараҷа гармӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок ва рӯзона фаромадани туман пешгӯйӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 7 то 12 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе минтақаҳо боридани барфу борон ва фаромадани туман пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва ба амал омадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 то 8 дараҷа сард ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 то 8 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






