Иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии АБП ИДМ ва иҷлосияи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД
Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муҳаммадюсуф Имомзода, узви Маҷлиси миллӣ, Ҷамшед Саидов ва Мирзодавлат Сабурзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки дар ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор доранд, субҳи имрӯз дар иҷлосияи Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амнияти Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (АП СААД) фаъолона иштирок карда, дар баррасии 10 мавзӯи барои муҳокима пешниҳодшуда фикру мулоҳизаҳои худро изҳор карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.
Мувофиқи хабари М.Султонов, намояндагони парлумони Тоҷикистон зимни рафти баррасии барномаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ «Оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои аъзои созмони СААД барои солҳои 2016-2020» ва муҳокимаи ҷамъбасти иҷлосияи моҳи майи соли 2016-и Шӯрои СААД, ҷараёни ба тасвиб расонидани шартномаҳои байналмилалии басташуда иштирок карда, оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрии танзимкунандаи фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД ва тасдиқи нақшаи кор барои соли 2017 мулоҳизаҳои худро изҳор карданд.
Дар доираи сафари расмии раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аъзои Маҷлиси миллӣ Наргис Раҳмонова, Муҳаммадюсуф Имомзода, Фарҳод Раҳимӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова, Абдураҳим Холиқзода, Эмомалӣ Насриддинзода, Рустам Латифзода, Олимҷон Салимзода, вакилони мардумӣ Мирзодавлат Сабуров ва Ҷамшед Саидов дар ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии АБП СААД (Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ) ва комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои фарҳангӣ, иттилоот, сиёсат ва ҳамкории байналмилалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати хориҷӣ фаъолона ширкат варзида, фикру андешаҳои хешро нисбат ба мавзӯъҳои баррасишуда изҳор карданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ дар баробари дигар вакилони парлумонҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро муҳокима намуданд, ки онҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил равона шудаанд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллиро дар сафари корӣ намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Ибодулло Раҳимзода ҳамроҳӣ намуд.
Хотиррасон мекунем, ки ҳайати парлумонии мамлакат бо ширкати вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ барои иштирок дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) ва иҷлосияи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ) бо сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия қарор дорад.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






