Кароматулло Қурбонов агар зинда мебуд, 55-сола мешуд…
Душанбе, 29.11.2016, /АМИТ «Ховар»/. Сароянда ва бастакори боистеъдоди тоҷик Кароматулло Қурбонов 55 сол қабл аз ин, 29 ноябри соли 1961 чашм ба дунё кушодааст. Хатмкардаи Донишкадаи санъати шаҳри Душанбе ба номи Мирзо Турсунзода (соли 1982) буда, ҳанӯз аз айёми мактабхониву донишҷӯӣ рӯи саҳна баромадааст. Баъд аз хатми Донишкадаи санъати шаҳри Душанбе бинобар истеъдоди фитрӣ ва садои хуш доштанаш ба ансамбли эстрадии машҳури замон «Гулшан» пазируфта шуд.
Минбаъд дастаи ҳунарии «Гулшан» ба мактаби сайқали маҳорату рушди истеъдоди Кароматулло Қурбонов мубаддал мегардад. Шуҳрати пуровозаи ин ҳунарманди соҳибистеъдоди тоҷик берун аз Тоҷикистон, то ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва кишварҳои шарқи он замон афсонавӣ доман паҳн карда буд.
Ба Кароматулло Қурбонов умри кӯтоҳ, ҳамагӣ 31 сол насиб карда буд. Бо вуҷуди умри кӯтоҳ бо садои Кароматулло Қурбонов 76 суруд сабт шудааст, ки ҳар яке бо оҳанги хосу самимияту муҳаббат сароида шудаанд.
Таронаҳои «Ту ҳам ёде бикун аз ман», «Эй подшаҳи хубон», «Бо дили дарё нишинам», «Бишнав, ки аз бунёди ман», «Ай духтаре, ки чашми ту дарёи розҳост», «Овора», «Ту ҳам ёде бикун аз ман», «Махмури ҷоми ишқам», «Зиндагӣ», «Хазонрез» ва охирин суруди ӯ «Хайрбод» то ҳоло ҳам оҳанг, бадеияту ҷаззобият ва дилнишинии худро гум накардаанд. Балки ҳамеша чун гулҳои хушнакҳату ботароват номи ин ҳунарманди нотакрорро зинда нигоҳ медоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






