Машварат: Муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар
Душанбе, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Машварати иттилоотӣ дар мавзӯи «Муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар» бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич ва ҷамоати шаҳраки Ғончӣ доир гардид. Тавре ки аз Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар доданд, дар ҷамъомад масъалаи истифодаи мақсадноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, тақвияти ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳимояи бозори дохилии меҳнат, паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа баррасӣ гардид.
Дар машварат кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич, мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷамоат, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.
Иштирокчиён бештар ба масъалаи тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷират, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар, баланд бардоштани маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб сухан карданд.
Зимни суҳбати озод иштирокчиён оид ба хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир огоҳӣ пайдо намуданд.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






