«Мубориза бо коррупсия кори ҳамагон аст»-бардошт аз мулоқот дар Вазорати фарҳанг
Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи ҷумҳуриявии «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» вохӯрии намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону кормандони муассисаҳои зерсохтор ва раёсату шуъбаҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Тавре аз вазорат хабар доданд, дар вохӯрӣ сардори раёсати дуюми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии мазкур Нигора Муқимӣ оид ба вазъи коррупсия дар Тоҷикистон маълумот дода, гуфт: «кормандони соҳаи фарҳанг, ки бо аҳолӣ муносибати наздик доранд ва аз ҳаёти рӯзмарраи аҳолӣ бохабаранд, бояд барои баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии мардум кӯшиш намоянд. Мубориза бо коррупсия масъулияти танҳо як сохтори алоҳида нест, балки масъулияти тамоми роҳбарони идораву муассисаҳо, масъулияти ҳар як фарди кишвар аст».
Сипас вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳор дошт, ки: «метавон бо ду воситаи пуртаъсир- нашрияҳо ва саҳнаҳои театрию консертӣ, ки аудиторияи бузургро доро ҳастанд, фазои оштинопазир бо ришваситониро фароҳам овард».
Дар охир таъкид карда шуд, ки гирифтани пеши роҳи ин падида вазифаи ҳамагон аст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






