Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо раиси нави Бонки исломии рушд

Ноябрь 11, 2016 17:29

Душанбе, 11.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Бонки исломии рушд доктор Бандар Муҳаммад Алҳаҷҷор мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ иттилоъ доданд.
«Дар оғози вохӯрӣ дипломати тоҷик ба раиси нави бонк паёму дуруд ва табрикоту таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати таъйин шудани ӯ ба ин мақоми пурмасъулият расонид», — гуфта мешавад дар хабарномаи сафорат.
Дар он ҳамчунин омадааст, ки «бо арзи сипос аз ҳамкории босамари бисёрсолаи дуҷониба изҳори бовар карда шуд, ки Бонки исломии рушд минбаъд низ ба рушди босуботи Тоҷикистон тавассути маблағгузории лоиҳаҳои зербиноӣ ва иҷтимоӣ мусоидати фаъол хоҳад дошт».
«Дар посух ба даъват барои ташриф ба Тоҷикистон Бандар Алҳаҷҷор таъкид дошт, ки баҳри шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳаҳои бонк ва оғози маблағгузориҳои нав ояндаи наздик аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард», — зикр шудааст дар иттилоия.

Ноябрь 11, 2016 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад