РБДА ВКД ҶТ огоҳ мекунад: Воситаҳои нақлиёти худро барои истифода дар фасли зимистон омода намоед!
Душанбе, 17.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ба диққати шаҳрвандон, алалхусус, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли равон пастшавии ҳарорати ҳаво ва боришоти зиёди барфу борон дар қаламрави кишвар дар назар дошта шудааст.
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунад, ки «воситаҳои нақлиёти худро барои истифода дар фасли зимистон омода намоянд. Инчунин ба ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки тавассути ағбаҳо ва минтақаҳои мушкилгузар ҳаракат менамоянд, тавсия дода мешавад, ки бо худ таҷҳизоти иловагии зидди лағжиш, яъне занҷир, болиштаки зидди лағжиш ва аломати исти садамавӣ дошта бошанд».
Ба таъкиди Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ, хуб мешуд шаҳрвандону ронандагон бе зарурат дар ин рӯзҳо ба сафар набароянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






