Соли 2018 дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ навиштани иншо ё эссе роҳандозӣ мегардад

Ноябрь 21, 2016 14:50

Маркази тестиДушанбе, 21.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар гимназияи №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади дар соли 2018 ба имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ворид намудани иншо ё иншои хурд (эссе) аз тарафи кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиш ва омодагӣ аз хонандагони синфи 11 иншо гирифта шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд.
«Санҷиши имрӯзаи мо дар 13 мактаби шаҳри Душанбе ва фардо дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ мегузарад, ки дар умум 1000 нафарро дар бар мегирад. Дар он аз хонандагон иншо гирифта мешавад. Мақсад ин аст, ки онҳо чӣ гуна иншо менависанд, зимни навиштани он чӣ мушкилот ба вуҷуд меояд ва онҳоро чӣ гуна паси сар бояд кард, то ки дар оянда натиҷаи самарабахш ва тартибу интизоми хуб риоя карда шавад»,- иброз дошт Нурулло Мирзоматов, сармутахассиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Пас аз санҷишҳои имрӯза натиҷаи онро мо тафтиш карда, хулоса мебарорем, ки дар соли 2018 ин низомро дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ чӣ гуна роҳандозӣ намоем»,-илова кард мавсуф.
Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2018 дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ навиштани иншо роҳандозӣ мегардад, ки дараҷаи баланди он ду саҳифаи чопӣ ё 250 калимаро ташкил медиҳад.

Ноябрь 21, 2016 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд