«Ватани шумо сарзамини назаркардаи Худост» — шарҳи матбуот
Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар шумораи навбатӣ (21.11.2016,№230) мақолаи муовини якуми раиси Суди ноҳияи Сино Суҳроб Рӯшанзодаро бо сарлавҳаи «Парчам рамзи ифтихору сарфарозист» чоп кардааст. Муаллиф навиштааст: «Эълон шудани Рӯзи Парчами давлатӣ воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро садчанд зиёд менамояд». Ҳамчунин дар шумораи мазкур мақолаҳои «Накӯкорӣ – ҳусни одам», «Сомона доштан намехоҳанд, чаро?», «Худкушӣ. Ҷавононро сабақи зиндагӣ мебояд», «Зимистонгузаронӣ, ҳанӯз камбудиҳо ҳастанд» чоп шудаанд, ки паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавиро инъикос кардаанд.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар шумораи имрӯз нашршуда (24.11.2016,№145) суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими оғози татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» таҳти сарлавҳаи «Бо истифода аз захираву имкониятҳо рушди соҳаи энергетикаро таъмин менамоем» дарҷ кардааст. Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ Ҷурахон Маҷидзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо сарлавҳаи «Парчами давлатӣ зинатбахши сари синаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон аст» фикру мулоҳизаҳои худро пешкаши хонандагони «Садои мардум» кардааст.
Нашрияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ «Омӯзгор» Низомномаи Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро барои омӯзгорону мактаббачагон нашр кардааст. Идомаи мақолаи илмии С. Назарзода «Забони адабӣ ва садонокҳои он» аз талаффузи садонокҳо дар гӯиши лаҳҷаҳо нақл мекунад. Мақолаи «Ҳақиқати асрори ишқ», ки ба қалами дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Садриддин Мирзоев тааллуқ дорад, дар шарҳи як ғазали Мавлоно Ҷомӣ навишта шудааст.
«Адабиёт ва санъат» — минбари эҷодкорони Тоҷикистон дар саҳифаи назм шеърҳои нави Гулназар, дар саҳифаи наср ҳикояи Зариф Ғулом «Нома аз Олмон», дар саҳифаи тақриз мақолаи тадқиқотии Атахон Сайфуллоев «Фурӯғи ишқ» ё дурӯғи ишқ» ва эссеи нависандаи маъруф Саттор Турсунро бо номи «Ҷоннисор» пешкаши мухлисони худ кардааст. Чун ҳамешагӣ дар саҳфаи 16-и нашрия гӯшаи «Мушфиқӣ» чоп шудааст.
«Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаи Маҳмудҷон Усмонов «Вақте педофилҳо ҳимоят мешаванд…»-ро чоп кардааст. Ҳамчунин дар нашрия бардоштҳои сайёҳи рус Олег Егоров, ки гуфтааст: «Ватани шумо сарзамини назаркардаи Худост», пешкаши хонандагон шудааст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаи нашрияи «Les Echos»-ро дар мавзӯи моҳонаи президентҳо чӣ қадар аст, бознашр кардааст. Мақолаҳои «Кобул ва Кобулов», «Чиптаи ҳавопаймо чаро дар Бишкек арзону дар Душанбе қимат?», «Кино ҳаст, кинотеатр нест!» ва «Китоби сурхи Тоҷикистон сурхтар мешавад» аз ҷониби хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳанд шуд.
Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» аз сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Сарбанд гузориши муфассал нашр карда, мақолаи Фирдавси Абдураҳмонро бо номи «Интернет: Фарҳанги истифодаи он дар Тоҷикистон» пешкаши мухлисони худ кардааст. Муаллиф навиштааст: «Интернет фарҳанги хоси истифодабарӣ дорад ва мо бояд онро дар ҷомеа тарбия ва такмилу рушд диҳем. Алалхусус ба ҷавонон ва наврасон, ки аз дигарон бештар бо шабакаҳои интернетӣ сарукор ва машғулияти зиёд доранд. То ин ки ба ҳар хел гурӯҳҳои ифротгароӣ нагараванд ва ҳар гуна фаҳшу зӯровариҳое, ки дар он аст, ба он мутеъ нагарданд».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






