ВНМО — вабои аср аст ва бояд бар зидди он дастаҷамъона мубориза бурд

Ноябрь 29, 2016 16:52

Душанбе, 29.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 1 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО- Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид.
«ВИЧ/СПИД бемориест, ки ба тамоми аҳли башар хатар дорад ва бояд бар зидди он дастаҷамъона мубориза бурд. Дар ҷаҳон ягон кишваре нест, ки ин вирус дар он ҷо доман паҳн накарда бошад»,-иброз дошт ноиби ректори донишкада оид ба тарбия Зулфия Ахмедова.
Зикр гардид, ки мутаассифона, дар Тоҷикистон айни замон беш аз 8 ҳазор нафар ба ин вирус мубтало гаштаанд.
Таъкид гардид, ки роҳи асосии муҳофизат ва гирифтор нашудан ба вирусу бемориҳо дар дасти худи инсон буда, саломатии ҳар шахс аз худи ӯ вобастагии калон дорад.
Дар ҷамъомад викторина сурат гирифт, то дониш ва фаҳмиши муҳассилин доир ба ин вабои аср мустаҳкам гардад.

Ноябрь 29, 2016 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид