Ҳадафи ҳамоиш-ҳимояи арзишҳову манфиатҳои миллӣ ва ба ҳам овардани олимони ҷавон

Декабрь 21, 2016 14:07

ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавонон, манфиатҳои миллӣ, истиқлолият ва ягонагӣ» ҷамъомад баргузор гардид.
Ба иттилои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории ҳамоиш ҳимояи арзишҳову манфиатҳои миллӣ, ташаккули ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати зеҳнии онҳо ва ба ҳам овардани олимони ҷавонон мебошад.
«Дар ҳамоиш беш аз 15 маърӯза оид ба мавзӯъҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва масоили марбут ба манфиатҳои миллӣ, арзишҳои соҳибистиқлолии кишвар баррасӣ шуданд.
Ҳамоиш бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино ташкил гардида, дар он беш аз 60 нафар ҷавонон, аз ҷумла олимони ҷавоне, ки дар самти ҷомеашиносӣ корҳои илмӣ анҷом медиҳанд, иштирок намуданд»,-хабар дод манбаъ.

Декабрь 21, 2016 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд