Қадамҳои устувори Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардӣ
ДУШАНБЕ, 29.12.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар бахши ҳавонавардӣ Тоҷикистон дар соли 2016 ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар ин самт қадамҳои устувор гузошт. Дар ин росто, бо мусоидати Ҳукумати кишвар ифтитоҳ ва ба роҳ мондани панҷ хатсайри нави парвозҳо ба кишварҳои ҳамҷавор, амсоли Хитою Афғонистон, Россия ва Покистон далели гуфтаҳост.
Аз Вазорати нақлиёти кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз ҷониби Cозмони байналмилалии ҳавонавардии мулкӣ /International Civil Aviation Organization/ ICAO/ дар фаъолияти соҳаи ҳавопаймоии кишвар беш аз ду фоиз болоравии махсус қайд гардид.
Алҳол дар кишвар татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ ва таҷдиду ҷиҳозонидани техникии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, беҳтар намудани инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, бунёди терминали боркашонӣ ва беҳтарсозии хизматрасонии аэронавигатсионӣ бо маром идома дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






