«Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»-роҳпаймоӣ дар шаҳри Панҷакент

Декабрь 31, 2016 10:46

ДУШАНБЕ, 31.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маркази шаҳри Панҷакент тахти шиори «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» бо иштироки ҷавонони фаъоли шаҳр роҳпаймоӣ доир гардид. Дар ин бора аз Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, роҳпаймоӣ бо мақсади аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 чун Соли ҷавонон роҳандозӣ гардид.
Баъд аз роҳпаймоӣ иштирокчиён бо шиорҳои «Мо бо шумоем, Пешвои миллат!» ва «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» дар назди қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент ҷамъ омаданд.
Кормандони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаҳои консертӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Декабрь 31, 2016 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд