Ҷавонону наврасон бояд моҳияти Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро дарк намоянд

Декабрь 27, 2016 12:10

mak-8-4ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар муассисаи таҳсилоти умумии№8-и шаҳри Душанбе бо иштироки васеи маорифчиёни пойтахт бахшида ба ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ҳамоиш доир гардид. Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», Ҳамидулло Фақеров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе зимни ҳамоиш зикр кард, ки қабули муваффақонаи Қатъномаи мазкур, ки 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, боиси ифтихори тоҷикистониён буда, омӯзгорон вазифадоранд, ки моҳияти ин амали бузургро ба наврасону ҷавонон фаҳмонанд. Ҳанӯз аз остонаи кӯдакистон ба бачаҳо дӯст доштани табиат, ҳифз ва сарфакоронаю оқилона истифода бурдани сарватҳои моддии онро бояд талқин намуд.
Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки қабули қатъномаи мазкур дар ҳоле, ки оқибатҳои хатарноки ивазшавии иқлим, хушкшавӣ ё биёбоншавӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, обхезиҳои шадид ва дигар офатҳои табиӣ, ки аз вайрон шудани низоми табиат дар тамоми ҷаҳон сар мезананд, дастрасӣ ба об, паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи ифлос шудани он ва дигар масоили ба он марбут ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, саривақтию зарурӣ буда, аҳамияти умумибашарӣ дорад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин аз ҷониби омӯзгорони пешқадам ва соҳибтаҷриба роҳу усулҳои муфиди ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаҳмонидани моҳияти бузурги даҳсолаи мазкур иброз гардид.

Декабрь 27, 2016 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд