Бӯстон: Аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд дар арафаи Соли нав
ДУШАНБЕ, 30.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар остонаи таҷлили соли нави мелодии 2017 ба кӯдакони имконияташон маҳдуд, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва дигар қишрҳои ниёзманд кумак расонид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, дирӯз бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода дар театри «Лӯхтак»-и шаҳр барномаи рангини фарҳангии солинавӣ баҳри болидахотирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва волидони онҳо ташкил карда шуд. Зикр карда шуд, ки «давлату ҳукумат оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва ятимону барҷомондагонро зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор дода, барои пуштибонии ин қишри ҷомеа тадбирҳо меандешанд».
Дар интиҳо ба иштирокдорон туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






