Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар шаҳри Панҷакент ҳамоиш доир гардид

Декабрь 3, 2016 10:22

Душанбе, 03.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр таҷлил мешавад, дар шаҳри Панҷакент ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
«Дар ҷамъомад оид ба мушкилоти кӯдакони маъюб, фарогирии онҳо ба мактабҳо, ҷалби омма барои ба ҷамъият ворид намудани ин қишри ҷомеа сухан рафт. Зикр карда шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва фаъолияти назарраси ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бевосита бо маъюбон сару кор доранд, имрӯз фарогирии атфоли маълул ба таҳсилот бештар гардида, таваҷҷуҳи ҷомеа барои ҳалли мушкилоти эшон афзудааст»,- иттилоъ дод манбаъ.
Дар ҷамъомад, ки бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Панҷакент баргузор шуд, намояндагони ташкилоти байналхалқии «Миссияи Шарқ», ташкилоти ҷамъиятӣ, намояндагони шуъбаи маорифу тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва фаъолони деҳаҳо ширкат намуданд.

Декабрь 3, 2016 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд