Дар Конибодом рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрро дар ёздаҳ моҳи соли 2016 баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016 баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд.
«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016 фаъолияти худро баҳри амалӣ намудани «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр то соли 2020» ва таъмини иҷрои нақшаю вазифаҳои вогузоргардида равона кардаанд. Дар ин муддат дар аксар соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбат ба даст оварда шуданд»,-зикр шуд дар ҷамъомад.
Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми маҷлис фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлил ва баррасӣ шуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






