Дар Қӯрғонтеппа ба истироҳати ҷавонон бештар диққат медиҳанд
ҚӮРҒОНТЕППА, 10.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди туризми дохила, васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ пайдо кардан бо мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии кишвар 48 нафар наврасону ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Душанбе ба саёҳат сафарбар карда шуданд. Мувофиқи иттилои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа дар рафти саёҳат наврасону ҷавонон аз Осорхонаи миллӣ, Боғи Парчам, Сирки давлатӣ, боғи «Устод Рӯдакӣ» ва қалъаи Ҳисор дидан намуданд. Гурӯҳи дигари ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа дар давоми панҷ шабонарӯз бо минтақаи сайёҳии «Сафеддара»-и ноҳияи Варзоб шинос шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






