Дар шаҳри Москва озмуни байналхалқии рақс баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 20.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрели соли 2017 дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия озмуни байналхалқии рақси «Мусиқии Шарқ» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Озмун бо мақсади таҳкими робитаҳои дӯстиву фарҳангии Россия ва кишварҳои Шарқ ва дастгирии Думаи давлатии Россия, ташкилоти «Россотрудничество», Ҳукумати шаҳри Маскав, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, радиои «Шарқ», марказҳои фарҳангии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Доғистон гузаронида мешавад»,-зикр кард манбаъ.
Ба озмун ҳунарпешаҳои рақси кишварҳои Шарқ аз Миср то Ҷопон даъват карда мешаванд.
«Тибқи талабот дар озмун хоҳишмандони аз 12 то 30-сола метавонанд ширкат варзанд. Муҳлати қабули аризаҳо барои иштирок аз 1 феврал то 1 апрели соли 2017 муайян гардидааст»,-илова кард манбаъ.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти муфассалро дар суроғаи кумитаи тадорукот бо нишонии http://vfarhang.tj/file_upload/161220133018ПРАВИЛА.pdf дарёфт намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






