Дар шаҳри Норак иди энергетикҳо ҷашн гирифта шуд
НОРАК, 23.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Неругоҳи барқи обии шаҳри Норак ба муносибати Рўзи касбии кормандони соҳаи энергетика ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри Норак хабар дод.
«Дар ҷамъомад раиси шаҳр Фатҳулло Ҳурматзода ва муовини раиси Ширкати саҳҳомӣ-холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода аҳли нишастро табрик намуда, сипас фаъолони соҳаи энергетикаро бо ифтихорномаҳою туҳфаҳои мақомоти иҷроия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ширкати саҳҳомӣ-холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» сарфароз гардониданд»,-зикр кард манбаъ.
Дар фарҷом барномаи рангини консертии ҳунармандони бахши фарҳанг намоиш дода шуд.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






