Дар вилояти Хатлон аввалин Форуми заноне, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доранд, доир мешавад
ҚӮРҒОНТЕППА, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа аввалин Форуми занони вилояти Хатлон, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолият доранд, баргузор мегардад. Дар ин бора аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
«Мақсад аз баргузории Форум татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва ҷалби духтарон ба кор дар мақомоти қудратӣ мебошад»,-хабар дод манбаъ.
Ин аввалин Форуми занон ба ҳисоб рафта, дар назар аст, ки дар оянда ҳар сол баргузор шавад.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






