Дастгирӣ аз иқдоми «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» дар ноҳияи Деваштич
ХУҶАНД, 31.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирӣ аз эълон гардидани Соли 2017 соли ҷавонон, ки дар Паёми Пешвои миллат садо дод, бо иштироки ҷавонони фаъол дар ноҳияи Деваштич роҳпаймоӣ баргузор гардид.
Тавре аз бахши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар роҳпаймоӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва сокинони ноҳия иштирок доштанд.
Муовини аввали Раиси ноҳияи Деваштич Абдумалик Ҳодиев зикр намуд, ки эълони Соли ҷавонон ба ҷавонон рӯҳу илҳоми тоза ва неру мебахшад.
«Умед дорем, ки ҷавонони ноҳия дар қатори ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар корҳои созандагӣ, ободонӣ ва бунёдкории мамлакат фаъолона ширкат варзида, дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд»,- гуфт Абдумалик Ҳодиев.
Дар ҷамъомад як гурӯҳ ҷавонони фаъол баён доштанд, ки дар оянда донишу малакаи худро сайкал медиҳанд ва ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа баҳри шукуфоии кишвар саҳм мегузоранд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






