Донишҷӯён бояд дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ саҳм гузоранд
Душанбе, 05.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Даст задан ба амалҳои ришваситонӣ хиёнат ба вазифа ва халқу Ватан аст. Аз ин рӯ, бояд барои пешгирӣ ва мубориза бо он дастаҷамъона мубориза барем»,-зикр шуд дар мулоқоти кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дар ин бора аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш, ки бештари иштирокдоронро донишҷӯёни факултаи молиявию иқтисодии донишгоҳ ташкил медоданд, изҳор гардид, ки донишҷӯён бояд аз амалҳои коррупсионӣ бохабар бошанд ва дар пешгирии чунин рафторҳо саҳм гузоранд.
«Беҳтарин воситаи пешгирии амалҳои коррупсионӣ- ин баргузории мулоқоту суҳбатҳо ва бештар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон, бахусус бо донишҷӯён мебошад,-иброз доштанд масъулин.
Ташаббускорони ҳамоиш изҳор карданд, ки мулоқот дар доираи «Стратегияи миллии муқовимат бар зидди коррупсия барои солҳои 2013-2020» роҳандозӣ гардидааст.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд






