Ф. Раҳимӣ: «Татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот аҳамияти муҳим дорад»
ДУШАНБЕ, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо иштироки аъзои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисҳои умумии солонаи Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АИ ҶТ, Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ ва Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ баргузор гардид. Дар ин бора аз Академияи илмҳо хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷлисҳои умумии солона иштирокчиён оид ба фаъолияти илмӣ ва ташкили муассисаҳои илмии шуъбаҳои АИ ҶТ сухан гуфтанд.
«Дар ҷамъомад Фарҳод Раҳимӣ, президенти АИ ҶТ иброз дошт, ки дар замони муосир татбиқи коркарду дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот аҳамияти муҳим дорад. Ҳамчунин дар маърӯзаҳои ҳисоботии раисони шуъбаҳо роҳандозӣ шудани лоиҳаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва муҳокимаи мушкилоти муассисаҳои илмии АИ ҶТ баён гардид»,-зикр намуд манбаъ.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






