Хатлон: қисми даромади буҷаи маҳаллӣ зиёда аз 103 % иҷро шуд

Декабрь 15, 2016 17:04

ҚӯРҒОНТЕППА, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи васеи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раисони шахру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва намояндагони ВАО-и вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
«Дар натиҷаи андешидани як қатор тадбирҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ зиёда аз 103 фоиз таъмин карда шуд»,-иброз дошт Д. Гулмаҳмадзода.
Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода иштирок карда, сухан гуфт. Дар ҷаласа рушди иқтисодӣ-иҷтимоии вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли равон ва нақшаҳои корӣ барои соли оянда барррасӣ гардиданд.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Декабрь 15, 2016 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд