Ифтихорномаи Китобхонаи милливу туҳфаҳои хотиравии Наргис ва «Пешрафт» ба маъюбон
ДУШАНБЕ, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) барои дастгирии маъюбон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз КМТ хабар доданд.
Роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз доштанд, ки: «ин боргоҳи маърифат барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд шуъбаи махсуси хизматрасонӣ ва толори муҷаҳҳази хониш омода кардаст».
«Дар шуъбаи мазкур, ки ҳоло бештар аз 500 нафар аъзои ҳамешагӣ дорад, шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд китоб мехонанд, дар маҳфилҳо иштирок менамоянд, маҳсули ҳунарҳои худро ба намоиш мегузоранд ва ашъори тозаэҷодашонро қироат мекунанд».,- иттилоъ дод манбаъ.
Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт» ва соҳибкори инфиродӣ Наргис Муродова ба хонандагони беҳтарини шуъба ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






