Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, бориш ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 26.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар дошта шудааст. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, дар охири рӯз боридани борон пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок ва бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 5 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят аз 2 то 7 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе минтақаҳои ин вилоят борон, барф ва туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 ва дар ноҳияҳои алоҳида 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳои ин вилоят ҳавои абрнок, борон, барф ва туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 2 то 7 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва бориши борону барф пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






